Ба гузориши «Азия Плюс», Мария Тереза Рибейро, намояндаи САҲА, ки ахиран ба Тоҷикистон сафар карда буд, дар хусуси ҳукми 7. 5 соли зиндони Абдуллоҳи Ғурбатӣ, яке аз 4 хабарнигоре, ки се моҳи пеш боздошт шуда буд, ибрози нигаронӣ кард.
Тереза Рибейро дар баёнияе гуфт: «Ман аз теъдоди зиёди рӯзноманигорони зиндонӣ дар Тоҷикистон ва ҳукмҳои тӯлонии зиндон алайҳи онҳо бисёр нигарон ҳастам. Чунин иқдомоте ба таври ҷиддӣ монеи кори мутахассисони расонаҳои ҷамъӣ дар Тоҷикистон ва эҷоди худсонсурӣ мешавад».
Тереза Рибейро аз маҳкумияти рӯзноманигор Абдуллоҳи Ғурбатӣ ба 7. 5 соли зиндон низ ибрози норизоиятӣ кард.
Намояндаи САҲА гуфт, аз мақомот мехоҳам, ки шароити кории мусоидро барои ҳамаи хабарнигорони кишвар эҷод кунанд. Вай таъкид кард, ки мақомоти Тоҷикистон бояд қавонини худро ба таври комил бо стандартҳои байналмилалии озодии расонаҳо татбиқ диҳанд.
Вай афзуд: «Ман мақомотро ташвиқ мекунам то талошҳои худро барои расидагӣ ба мавзуоти муртабит бо расона дар ростои тааҳҳудоти САҲА дар мавриди озодии расонаҳо афзоиш диҳанд».
Тереза Рибейро гуфт, ки озодии расонаҳо ба унвони яке аз аркони демократия барои рифоҳи ҳамаи кишварҳо ва ҷавомеъ бисёр муҳим аст.
Ин намояндаи САҲА ҳамчунин бо Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг, Абдуғафур Ҳикматуллоҳзода, муовини аввали Додситонии кул ва Мижгона Бобоҷонзода, муовини Комиссари ҳуқуқи башар ҳам дидор кард.
342/